Афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар Кобул

Пештар хабар дода шуда буд, ки дар натиҷаи инфиҷор дар назди бинои Вазорати корҳои ҷамъиятии Афғонистон 28 нафар ба ҳалокат расида буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik.  Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ ба бинои ҳукуматӣ дар Афғонистон наздик ба 43 нафар ба ҳалокат расида,  10 нафари дигар ҷароҳатҳо гуногун бардоштанд, иттилоъ додааст Воҳид Маҷруҳ  намояндаи Вазорати тандурустии Афғонистон ба шабакаи телевизионии Tolo News.  

Пештар расонаҳои хабарӣ дар бораи марги 28 нафар иттилоъ дода буданд.

Се кушта дар рӯзи интихоботи парлумонӣ дар Кобул

Ёдрас мешавем, ки рӯзи душанбе чаҳор фарди муссалаҳи ношинос ба бинои давлатӣ дар маркази Кобул, пойтахти Афғонистон ҳамла карданд.

Ин ҳамла бо панҷ инфиҷор дар наздики бинои вазорати фавоиди оммаи Афғонистон оғоз шуд  ва баъд афроди мусаллаҳ вориди бинои вазорат ва як бинои дигар шуданд.

Тирандози миёни нерӯоҳои ҳукумати ва нафарони мусаллаҳ дар ин ду бино соатҳо идома дошт.

Пулиси Кобул хабар дод, ки ҳар чаҳор муҳоҷимро ба ҳалокат расонда аст.

Бино бар иттилои Sputnik Афғонистон, нерӯҳои амниятӣ ҳудуди 350 нафарро ки дар ин биноҳо дар монда буданд озод карданд.

То кунун касе ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.