Иштирокчиёни ошӯби зиндони Хуҷандро ҷазо доданд

Иштироккунандагони ошӯби Хуҷандро барои ислоҳ шудан ва такрор накардани амалҳои ошӯбгароӣ, ба утоқҳои якнафараи зиндон (карцер) интиқол доданд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Дар Тоҷикистон зиёда аз 20 маҳкумшудаи зиндони Хуҷанд барои иштирок дар ошӯби моҳи ноябр аз 3 то 6 моҳӣ дар утоқҳои якнафараи зиндон (карцер) нигоҳдорӣ мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Амрико бо мақомоти Тоҷикистон ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ кард

“Бисёри онҳое, ки дар утоқҳои алоҳида нигоҳдорӣ мешаванд, собиқ ҷангҷӯёни ДОИШ мебошанд. Онҳо аз 3 то 6 моҳӣ танҳо дар утоқҳо нигоҳ дошта мешаванд. Миёни онҳо зиндониёне, ки қасди гурехтан доштаанд, ҳастанд”, - омадааст дар иттилоия.

Айни ҳол танҳо номи як айбдоршаванда  – Муҳаммад Юнусов, маълум шудаст. Нисбати Юнусов дар асоси моддаи 11 Кодекси ҷиноии кишвар парванда боз шудааст.  

Ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд шаби 7-ум ба 8-уми ноябри соли равон сар зада буд.

Ҳангоми ошӯб ду корманди зиндон кушта, 5 посбон бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона фиристода шуда буданд.

Чанде пеш Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин қайд карда буд, ки ҳангоми ошӯби шаби 8 ноябр дар зиндони Хуҷанд, 21 маҳбус безарар гардонида шуд, ки бештарашон барои терроризм маҳкум шуда буданд.

Ҷузъиёти ҳодисаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд мунташир шуд

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта баъд аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, генерал Изатулло Шарифзодаро аз мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия барканор карда, ба ҷояш Умаров Мансурҷон Ғаффорович, собиқ ноиби аввали раиси КДАМ-ро таъйин кард.

Инчунин ахиран хабар дода шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса 7 корманди маҳбас бо шумули сардори он Файзулло Сафарзода ва сардори бахши низомии зиндон Фарҳод Садировро боздошт карданд.