ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоҷагии деҳқонии “Содиқ-Сиддиқ”-и ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи асосии таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба хоҷагии деҳқонии “Содиқ-Сиддиқ” дар деҳаи Соҳибкорони ҷамоати деҳоти Россия дар назди гармхонаи хоҷагӣ нахуст аз дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия ошно шуда, сипас дар гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Содиқ-Сиддиқ”, ки роҳбараш соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов мебошад, бо парвариши помидор дар гармхона шинос шуд.
“Хоҷагии деҳқонии “Содиқ-Сиддиқ” 25 нафар аъзо дорад. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 5 гектар замини корами обиро ташкил дода, дар 2 гектари он гармхона бунёд шудааст. Инчунин ҳар сол дар масоҳати 1,5 гектар кишти зироати гуногун гузаронида мешавад. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе мебошад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ба маълумоти хоҷагидорон, айни замон дар майдони 0,25 гектар ҳосили помидор расида, дар масоҳати 0,30 гектар кишт оғоз гардидааст. Дар ҳамаи 12 гармхонаи хоҷагӣ ин шабу рӯз парвариши помидор, кӯчати бодирингу қаланфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, соҳибкор Маҳмудҷон Сиддиқов иттилоъ додаст, ки аз ду ҳосили соли равон 93 тонна помидор ва бодиринг ба даст овардааст.
Ҷиҳати гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ аз 800 то 1300 тонна мебошад.
Саҳмдорон тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик гармхонаи муосири дигарро дар асоси таҷрибаи кишоварзони Кореяи Ҷанубӣ фаъол созанд.
“Ба маълумоти идораи кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ, айни замон дар ноҳия дар масоҳати 12 гектар гармхона амал карда, соли равон дар майдони 32 гектар кишти зери плёнка гузаронида шудааст”, - хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Хоҷагии деҳқонии “Содиқ-Сиддиқ” ҳамчунин дорои иншооти ёрирасон ва молхонаҳои мавсимӣ буда, айни замон ба парвариши 30 сар чорвои калони шохдор ва 30 сар моли майда машғул аст. Давоми соли равон ҳамагӣ зиёда аз 100 сар чорвои калон ва 150 сар чорвои майда парвариш карда, зиёда аз 20 тонна гӯшти гов ва беш аз 6 тонна гӯшти гӯсфанд ба фурӯш баровардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Содиқ-Сиддиқ”, ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи асосии таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо дод.