ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол 2018” оғоз ёфт, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, озмуни “Донишҷӯи сол” бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар барои таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарину лаёқатманд эълон шуда, ҳамасола доир карда мешавад.
“Даври аввали озмун дар сатҳи маҳал миёни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир гардида, ғолибони даври аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд”, - таъкид намудааст манбъ.
Озмуни мазкур ду рӯз идома ёфта, баъд аз ҷамъбасти он ғолибон бо ҷоми ифтихорӣ ва стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар давраи як соли хониш сарфароз гардонида мешаванд.