ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳурро дастгир намуданд, ки худро корманди кумитаи замини ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ мекардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, вай бо роҳи қаллобӣ барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ маблағ гифта барнагардондааст.
“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли равон марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро корманди кумитаи замини ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ намуда, барои аз ҳудуди деҳаи Лолазори ҳамин ноҳия ҷудо намудани 0,6 га замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 55 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”,- таъкид намудааст манбаъ.
Вазорати умури дохила афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.