Дар Деҳли дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустоно баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бино бар иттилои датари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар шаҳри Деҳли даври чоруми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини якуми вазири корҳои хориҷаи Ҳиндустон Гитеш Шарма баргузор гардид.

Тоҷирони Ҳиндустон тобистон ба Тоҷикистон меоянд

Зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунии муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, аз мазмуну муҳтавои робитаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар доираи машваратҳо дар баробари муносибатҳои дуҷониба ҳамчунин табодули назар доир ба мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.