ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо намуд, “Рушди Хатлон” бо гирифтани сабукиҳои молиётӣ ба бунёди меҳмонхонаи муосир дар минтақаи сайёҳии “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон машғул хоҳад шуд.
“Рушди Хатлон” дар “Сари Хосор” дар баробари бунёди меҳмонхона инчунин минтақаи истироҳатиро сохта ба истифода медиҳад.
Ҳукумат таҷҳизоту маҳсулоти сохтмониеро, ки барои бунёди минтақаи истироҳатию меҳмонхона дар “Сари Хосор” ворид мешаванд, аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намудааст.
“Рушди Хатлон” аз бузургтарин корпоратсияҳо дар ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад, ки корхонаҳои зиёди бахшҳои гуногун – аз хоҷагии қишлоқ то сохтмонро дар бар мегирад.