Донишманди тоҷик узви Шӯрои коршиносони иқтисодии ИДМ интихоб гардид

Ҳамидуллохон Фақеров, Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҷаласаи 48-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ узви Шӯрои коршиносони иқтисодии ин созмони бонуфуз интихоб гардид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ҳамидуллохон Фақеров,  Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров узви Шӯрои коршиносони иқтисодии ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ интихоб гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13 санад ҳамоҳанг шуд

Ёдрас мешавем, ки ҷаласаи 48-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, рӯзи 29 ноябри соли равон дар толори Думскийи “Қасри Таврия”-и шаҳри Санкт Петербург баргузор гардид. Дар он роҳбарони ҳайатҳои миллии давлатҳои аъзои Иттиҳод, аъзои Шӯрои Федератсия ва вакилони Думаи давлатӣ иштирок доштанд.

Зимни ҷаласа аъзои Шӯро як зумра қонунҳо ва тавсияҳо, аз ҷумла тавсияҳо “Дар бораи беҳтар намудани сифати таҳсилот дар давлатҳои аъзои ИДМ”-ро тасдиқ намуданд.

ФАҚЕРОВ Ҳамидуллохон Нуриддинович 13 феврали соли 1959 таваллуд шуда, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 1980 факултаи банақшагирӣ ва иқтисодии ДМТ-ро хатм кардааст.

Ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ аз суратгирӣ оғоз шуд

Соли 2002 вай Раиси Шӯрои ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон интихоб гардид. Солҳои 2002-2008 ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буд. Ҳамчунин солҳои 2008 — 2017 дар маснади сардори шуъбаи маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

15 марти соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров дубора ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин карда шуд.