Тоҷикистон ва Белорус масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуданд

Сафири Тоҷикистон дар Белорус бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Беларус Андрей Евдоченко ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми декабри соли равон Маҳмадшариф Ҳақдод, сафири Тоҷикистон бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Белорус Андрей Евдоченко мулоқот анҷом дод.

Лукашенко дар Белорус ба номи Эмомалӣ Раҳмон ду боғ бунёд мекунад

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамоишҳо, аз ҷумла вобаста ба рушди муносиботи Тоҷикистон ва Белорус дар доираи сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар самтҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ, машваратҳои байниидоравии Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар ва боло бурдани сатҳи интиқоли маҳсулотро сӯҳбат намуданд.

Инчунин тарафҳо дар бораи таъсис додани корхонаҳои муштарак ҷиҳати истеҳсол ва мавриди истифода қарор додани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, бунёди боғҳои дӯстии Тоҷикистон ва Белорус дар минтақаҳои Брест ва Гомел, ҳамчунон масоили мубрам вобаста ба амалӣ намудани базаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносиботи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Тоҷикистон ва Белорус дурнамои ҳамкориҳои низомиро баррасӣ карданд

“Ҷонибҳо ҳамчунон вобаста ба масоили ташкил намудани сафарҳо дар сатҳи олӣ, баргузор намудани ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Белорус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, доир намудани Рӯзҳои Фарҳанги Тоҷикистон дар Белорус, ҳамчунон намоиши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Беларус барои соли 2019 ибрози назар намуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Сафири Тоҷикистон дар Белорус аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноъатмандӣ намуда, муносиботи гуногунҷанбаро дар соли 2018 муфид ва бар нафъи мардуми ҳарду кишвар донистааст.