Тавлиди маҳсӯлот дар МОИ Тоҷикистон ба 12 миллион доллар расид

Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” тӯли 11 моҳи соли равон ба андозаи 12 миллион доллар маҳсулот тавлид намудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Тибқи омори расмӣ, дар давоми 11 моҳи соли равон минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ ба маблағи 119 миллион сомонӣ (12,6 миллион доллар) маҳсулоти гуногун тавлид намудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар иқтибос ба вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Савдо гарм мешавад: МОИ Суғд дар Чин намояндагӣ боз кард

Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳури 4 минтақаи озоди иқтисодӣ “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” фаъолият менамояд. Дар минтақаҳои мазкур беш аз 70 ширкатҳои гуногун сабти ном шуда фаъолият доранд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки бештари тавлидоти маҳсӯлот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба минтақаи “Суғд” рост меояд. Корхонаҳое, ки дар ин минтақа ба қайд гирифта шудаанд, ба маблағи 101,6 млн. сомонӣ маҳсӯлот тавлид намуданд.