ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, директори генералии Сирки Қирғизистон ба номи Абӯбакир Изибаев Курмангази Исанаев ба номи Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон сипоснома равон кардааст.
Дар матни нома Курмангази Исанаев ба Вазири фарҳанг барои иштирок ва касбияти баланди ҳунарпешаи Сирки давлатии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Вафо Иззатуллоев дар Шоуи калони сиркии кишварҳои ИДМ ва хориҷ таҳти унвони “АфроСирк”, ки дар Сирки давлатии Қирғизистон ба номи Абӯбакир Изибаев баргузор гардида буд, самимона изҳори сипос менамояд.
“Сирки мо ба сирки тоҷик дар соҳаи санъати сиркӣ муваффақиятҳои беназир таманно намуда, ба ҳамкориҳои зич дар оянда умед мебандад”, - таъкид намудааст роҳбари сирки Қирғизистон.