Тағйироти кадрӣ дар раёсати ҳизби ҳоким бо розигии Эмомалӣ Раҳмон

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд интихоби роҳбари нав сурат гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти Суғд, дар маҷлиси мазкур, ки 15 декабр баргузор шуд, Сарфароз Фаттоҳзода бинобар гузаштан ба кори дигар аз мақоми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд озод гардид.

ҲХДТ Рӯзи раисҷумҳурро хоксорона ҷашн хоҳад гирифт

Манбаъ афзуд, бо розигии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, ба мақоми раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ҳоким дар Суғд номзадии Сатториён Матлубахон Амонзода пешбарӣ шуда, аъзои кумиҷроия ӯро ба ҳайси раиси нав интихоб намудаанд.

Сатториён Матлубахон Амонзода 19 сентябри соли 1972 таваллуд шудааст. Соли 1994 Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи С.М.Киров, феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 4, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон мебошад. То ҳол дар вазифаҳои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси шаҳри Истиқлол ва раиси шаҳри Гулистон фаъолият кардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд, ба раиси тозаинтихоб барои амалисозии барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ барору комёбӣ таманно карда, изҳор доштааст, ки  мақсад ва барномаҳои ҲХДТ бо ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон тавъам аст. Вай аъзои ин ҳизби сиёсӣ буданро, ки роҳбараш Эмомалӣ Раҳмон аст, шарафи бузург дониста, аз аъзову фаъолон, кормандони кумиҷроияи ҳизбӣ даъват кардааст, ки барои амалисозии барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ боз ҳам фаъол бошанд.