Вакилон маблағгузории Маҷлиси намояндагонро зиёд карданд

Давлат аз буҷаи соли 2019 барои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 19 миллиону 899 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагонро тасдиқ карданд, ки бар асоси он хароҷоти маҷлис соли оянда афзоиш меёбад. 

Нигаронии раиси Маҷлиси намояндагон аз амали модарони муосири тоҷик

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор зимни ҷаласаи ахири парлумон гуфт, маблағи хароҷоти МН барои соли оянда нисбати соли равон 2 миллиону 730 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Холмуҳаммадзода, басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии Маҷлиси намояндагон 112 нафар ва ҳайати техникию хизматрасонӣ 165 нафар муқаррар гардидааст.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки маоши вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 5 ҳазор сомонӣ то ба 6 ҳазор сомонӣ боло бурда шуд.

Вакилони парлумон ба Аврупо рафтанд

Мизроб Кабиров, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласа гуфт, хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати техникию хизматрасон барои таъмини корҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, коргузорӣ, таҳлилӣ, нашрӣ, молиявӣ, моддию маишии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ, сарфаю сариштакорӣ, иҷрои уҳдадориҳои хизматии мансабҳои холӣ, корҳои мураккаб ва таъҷилӣ, пешвозу гусели меҳмонони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, иштироки фаъол дар ҳашарҳои идоравӣ, кабудизоркунии бинои Маҷлиси Олӣ фаъолияти самаранок доштанд.