ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, Аҳмазода изҳор доштааст, ки соли равон нақшаи истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 100 ҳазору 38 тонна муқаррар гардида буд ва пахтакорони вилоят нақшаи солонаро 112,6 фоиз иҷро намуданд.
Қаблан раиси Суғд барои вусъати пахтачинӣ озмун эълон карда, барои қадршиносии пешқадамон аз ҳисоби буҷети вилоят 116 000 сомонӣ маблағ ҷудо намуда буд.
“Барои сари вақт ва бе талаф ҷамъ овардани пахта, ба ҳамаи кишоварзон, пахтакорон, обронҳою механизаторон, корхонаҳои пахтатозакунӣ, кормандони хоҷагии об, маорифу нигоҳдории тандурустӣ, кулли ёрдамчиёни корхонаю ташкилотҳои шаҳру ноҳиявӣ ва вилоятӣ миннатдории самимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён менамоям”, - изҳор дошт раиси вилоят дар маросими қадрдонии фаъолон.
Манбаъ афзуд, ки сипас дар вазъияти тантанавӣ ба шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Мастчоҳ барои саҳми арзандаашон дар иҷрои нақша як ададӣ автомашинаи сабукрав супорида шуд.