Мутмаинам, ки занон танҳо бо як далел қасди ҷудоӣ аз ҳамсар намекунанд. Ҳама вақт ва дар ҳама ҷо сабабҳо зиёданд.
Занҳои сабури тоҷикро чун ман танҳо мушкилиҳои хело сангин, ки бардошти онҳо ғайриимкон мешавад, ба ҷудоӣ мекашад. Охир мо барои оила ва фарзандон шуда, омодаем ба ҳама таҳқир тоқат кунем.
Ман бо падари фарзандонам бештар аз 10 сол зиндагӣ кардам, вале дар анҷом даст боло кардам. Ранҷ, ноумедӣ ва дарди бисёре, ки маро "мехӯрд" дар охир бо талоқ анҷом ёфт. Дар хонаи шавҳар бо ман ҳар чи хоҳанд, мекарданд: мезаданд, хӯрок намедоданд, масхара мекарданд...
Рашк, ҷанҷол, дастдарозӣ, ғайбат, хиёнат, дахолати ҳамешагии наздикони ӯ ба ҳаёти шахсии мо - маро ба рӯзе расонид, ки мехостам худро бикушам.
Ин ҳолати аҷибест, ки мехоҳӣ ҳатто аз худ гурезӣ. Маҳз ҳамин хоҳиши мудҳиш ба ман қувват дод, то иқрор шавам, ки ман омодаам бо шавҳарам ҷудо шавам. Бор хилофи тамоми қолабҳои шахшудаи ҷомеа, ки занони бева - заноне ҳастанд, ки "оянда надоранд".
Занонеро чун ман ҳар кас метавонад ғайбат кунад. Ҳамсояҳо, хешовандон, шиносҳо ва ношиносҳо то дер саҳнаҳои ҳаёти маро фаромӯш намекунанд. Онҳо метавонанд ҳатто дар бораи ҳаёти ту қиссаҳо бофанд, ки гӯё ту ба шавҳарат хиёнат кардиву акнун ҷазоят ҳамин аст.
Ба заноне чун ман мардони зиёде чашм ало мекунанд, зеро ман "танҳоям" ва ба онҳо "мумкин аст".
Дар баъзе ҳолатҳо занонеро чун ман волидон дубора ба хона роҳ намедиҳанд. Онҳо аз ғайбати ҳамсояҳову хешовандон ва ҳатто аз бегонагон метарсанд. Барои онҳо беҳтар аст, ки иҷора нишинӣ - то пинҳон кунанд, ки ту талоқ гирифтаӣ.
Заноне чун ман ҳеҷ гоҳ ба алимент умед баста наметавонанд, зеро чуноне ки мегӯянд, меҳр дар чашм аст.
Заноне чун ман наметавонанд ба бахти дувум умед банданд. Албатта ба онҳо ошиқ мешаванд, зеро онҳо "зебо ва бемисланд", аммо ба онҳо аз ин бештар чизе дода наметавонанд ва намехоҳанд. Кӣ занеро ба ҳамсарӣ мегирад, ки ҷудо шудааст боз фарзанд дорад? Аммо пешниҳод мекунанд, ки маъшуқаашон шавӣ, ё "агар бахтат омад кунад" зани севум ё чорум шавию дар пинҳонӣ аз чашми ҳама зиндагӣ кунӣ.
Шаш сол мешавад, ки аз шавҳарам ҷудо шудаам. Қарори ман дар бораи талоқ фаврӣ буд, аммо то дер ба худ намеомадам. Мушкилӣ дар он набуд, ки эҳсоси танҳоӣ мекашидам, мушкилӣ дар хурофтҳои ҷомеае, буд, ки дар он зиндагӣ мекардам. Дар ҷомеае, ки ба ту фишор меоранд, зинда ба зинда гӯр мекунанд.
Хушбахтона, ман истодагарӣ кардам ва исбот кардам, ки ҳаёт дар 35-солагӣ ба анҷом намерасад, балки метавонад оғоз шавад. Манзил дорам, кӯдаконам солиманд, дар хонаам ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, кору хубу маоши хуб дорам ва мехоҳам зиндагӣ кунам эҷод кунам ва рушд кунам. Аз ҳама асосаш бахти худро пайдо кардам.