ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои додситониии вилояти Брянск, додгоҳ муҳоҷири тоҷикро дар қасдан расондани зарари вазнини таҳдидовар ба ҳаёти инсон гунаҳкор донистааст.
Манбаъ афзуд, зимни мурофиаи додгоҳӣ муайян шудааст, шоми 18-уми сентябри соли равон миёни маҳкумшуда ва ҳамкору ҳамватани 27-солааш дар ҷои корашон – коргоҳи коркарди чӯб дар деҳаи Петуховкаи ноҳияи Жуковск муноқиша рух додааст.
Ба иттилои додситонӣ, зимни муноқиша маҳкумшуда бо корд ба синаи ҷавони 27-сола зарба задааст.
Додситонии Брянск афзуд, сабаби муноқиша дар он будааст, ки муҳоҷири ҷавон пойпӯшро накашида, вориди утоқашон шудааст. Марди 51-сола инро беэҳтиромӣ қабул кардаасту сӯи ҳамкор корд кашидааст.
Додгоҳ муттаҳамро дар расондани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳкор дониста, ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.