ФАО ва Тоҷикистон дар заминаи беҳбуди амнияти ғизоӣ ба тавофуқ расиданд

Созмони ҷаҳонии озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар заминаи тақвияти амнияти ғизоӣ ва беҳбуди тағзия дар ин кишвар ба тавофуқ расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории “Parstoday”, созмони ҷаҳонии озуқа ва кишоварзии СММ  (ФАО) ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон санадеро бо унвони “Тақвияти амнияти ғизоӣ ва беҳбуди тағзия дар бархе кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ” имзо карданд.  

ФАО барои гову гусфандҳои Тоҷикистон 100 адад мотосикл дод

Ин санад аз тариқи таъмин ва мудирияти ҳамоҳанг миёни бахшҳои кишоварзӣ, тағзия, беҳдошт, омӯзиш ва парвариш ва ҳифозати иҷтимоӣ дар ин кишвар амалӣ мешавад.  

Дар ҳамин ҳол, Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ин тарҳ ба таври мустақим дар афзоиши баҳраварӣ ва танаввуи маҳсулоти кишоварзӣ, тағзияи муносиб ва эҷоди фурсатҳои шуғлӣ саҳми бисёре ифо хоҳад кард.

Инчунин вай гуфт, натиҷаи ниҳоии иҷрои ин санад дар Тоҷикистон эҷоди шароити муносиб барои амнияти ғизоии осебпазиртарин қишри ин кишвар хоҳад буд.