ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков, варзишкори тоҷики муқими Русия барои ширкат дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ омодагӣ мебинад. Ӯ соли 2020 дар Токио Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон мураббиаш Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Сомон пас аз пирӯзӣ дар Ҷоми дзюдои Осиё дар Ҳонг Конг ба Тоҷикистон меҳмон шудааст. Ӯ дар Ватан бо масъулини варзиш, пайвандон ва ҳаводоранаш дидор ва мулоқот хоҳад кард.
Тавре Эргаш Маҳмадбеков афзуд, Сомон нақша дорад дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2020 дар Токио иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ кунад.
"Ҳама ҷидду ҷаҳди мо дар роҳ ба сӯи Токиост. То соли 2020 кӯшиш мекунем, то холҳоеро, ки барои ширкат дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ зарур аст, ба даст орем", - изҳор дошт мураббии Сомон.
Дар ҳамин ҳол, муовини аввали Кумитаи ҷавон ва варзиш Ризо Назарзода низ гуфтааст, ки умеди Тоҷикистон аз Маҳмадбеков, иштирок дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2020 аст.
"Мо дар чеҳраи Сомон Маҳмадбеков варзишгареро мебинем, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио-2020 Тоҷикистонро ҳатман муаррифӣ намуда, барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, алалхусус Бозиҳои олимпӣ талош ба харҷ хоҳад дод", - гуфтааст вай.
Ёдрас мешавем, дзюдокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки муқими шаҳри Иркутски Русия аст, аввалҳои моҳи декабр дар Ҷоми дзюдои Осиё пирӯз шуда, медали тилло ба даст оварда буд. Ӯ ҳарифонашро аз Чин, Филиппин, Муғулистон ва Ҷопон мағлуб намуда, парчами Тоҷикистонро боло бардошт.