Хайрбоди Манучеҳр Ҷалилов бо тими индонезӣ аз фурудгоҳ - акс

Манучеҳр Ҷалилов, футболбози шинохтаи тоҷик бо тими “Шривиҷая”-и Индонезия видоъ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҷалилов бо нашри як паёми тоза дар саҳифааш дар Инстаграм аз фурудгоҳи Ҷакарта, изҳор доштааст, ки тайи як соли ҳузур дар тими “Шривиҷая” соҳиби як хонаводаи ҷадид шуд.

Футболбози 28-солаи тоҷик навиштааст, шукри Худо, ки тайи як соли бозӣ дар ин тим хонаводае аз бародарону дӯстонро пайдо намуд. Ҷалилов ба ҳайати даста, мураббиён, роҳбарият ва мухлисон сипос гуфта, дар кору зиндагӣ муваффақиятҳои бидуни ҷароҳат таманно кардааст.

Ҷалилов охири соли гузашта бо тими “Шривиҷая”-и Индонезия барои як сол шартнома баст ва ба иттилои сомонаи олмонии transfermarkt, футболбози тоҷик бо нархи 200 ҳазор евро яке аз бозигарони гаронарзиши тими индонезӣ ба шумор мерафт.