ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар ин бора Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, зимни ҷаласаи ахири парлумон иттилоъ дода, афзуд, ки маводи мазкур, ки сертификати мутобиқат надоштанд ва ба талабот ҷавобгӯ набудаанд, нест карда шуданд.
Вазир афзуд, ки аз 127 тонна маводи ошкоршуда, 95 тоннааш доруворӣ мебошад.
Ба иттилои Олимзода барои ба муомилот баровардани маҳсулоти ғайристандартӣ ва зараррасон алайҳи қонуншиканҳо беш аз 500 парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, аз нақзкунандаҳои қонун 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.