Шок-видео: мард ба ҳавзи пур аз тимсоҳ афтод

Як марди амрикоӣ аз беэҳтиётӣ ба ҳавзи пур аз тимсоҳ афтода, аммо зинда мондааст. Навори ҳодиса корбаронро шигифтзада мекунад ва то рафт дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфтар мешавад
Sputnik

Дар навор дида мешавад, ки мард ба воситаи зинапоя ба ҳавз мефарояд. Ҳавз пур аз тимсоҳ аст.

Пас аз он, ки мард поён фаромада, ба ҳавз наздик мешавад, ӯро тимсоҳҳо иҳота мекунанд.

Марди амрикоӣ ба шӯронидани ҳайвонҳо шурӯъ мекунад.

Пас аз чанде мард ба арғамчине, ки дар болои ҳавз овезон буд, бор шуда, худро ҳаво медиҳад. Аммо мутаассифона ӯ аз рӯи беэҳтиётӣ ба ҳавзи пур аз тимосҳ меафтад.

Навор дар ҳамин лаҳза ба поён мерасад.

Тавре дертар маълум шудааст, мард тимсоҳпарвари машҳури амрикоӣ Майкал Уомер будааст. Ӯ дар натиҷа на танҳо зинда мондааст, балки маҷрӯҳ ҳам нашудааст.

"Ман тимсоҳҳоямро чунон дӯст медорам, ки бархеҳо фарзандонашро чунин дӯст намедоранд", - гуфтааст Уомер.

Вай афзудааст, ки ҳаёташро ба наҷоти тимсоҳҳои нодир сарф кардааст.