Тошканду Душанбе масоили ВАО-ро баррасӣ намуданд

Дар Душанбе мақомоти Тоҷикистону Узбакистон самтҳои асосии густариши ҳамкорӣ байни сохторҳои иттилоотиро баррасӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik.  Дар шаҳри Душанбе байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон доир ба масоили таъмини иттилоотии сиёсати беруна ва кор бо васоити ахбори умум марҳилаи аввали машваратҳои дуҷониба баргузор шудааст.

Дар Узбакистон муаллимро барои ҷазо додани талабагони мактаб аз кор ронданд

Тавре, ки Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон хабар додааст, тарафҳо зимни мулоқот дар мавриди фаъолият дар бахши дипломатияи умумӣ табодули назар карданд.

Инчунин тарафҳо, самтҳои асосии густариши ҳамкорӣ байни сохторҳои иттилоотии давлатҳоро дар ҳошияи рушди бемайлони ҳамкориии ҳамаҷониба байни Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ намуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, кит мувофиқи барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, машваратҳои минбаъда бояд соли 2019 дар Тошканд баргузор шаванд.