ДУШАНБЕ, 01 дек — Sputnik. Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар бозии қаҳрамонии Осиёи Марказӣ бар дастаи бонувони Афғонистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуда, мавқеашро бо 6 хол дар ҷои сеюм мустаҳкам кард, хабар медиҳид Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Голҳоро духтарони тоҷик мо дар дақиқаҳои 17, 44, 59, 69, 84 вориди дарвозаи ҳариф намуданд.
"Бозии дигар асри имрӯз миёни дастаҳои Қирғизистон ва Эрон баргузор мешавад. Дар сурати бохти тими Қирғизистон медалҳои биринҷӣ насиби футболбозбонувони мо мегардад", - менависад манбаъ.
Дастаи футболи Узбакистон бо 4 пирӯзӣ дар 4 бозӣ ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 миёни бонувон гардидааст. Эрон медалҳои нуқраро сазовор гашт.