ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши шабакаҳои телевизионии давлатӣ аз ҷаласаи Ҳукумат, ки 29 ноябр баргузор гардид, барои бунёди беҳтарин майдончаи варзишӣ ва боғ Шералӣ Кабиров, мудири “ТАЛКО” ва Комили Мирзоалӣ, роҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҷоизаҳо гирифтанд.
Инчунин аз дасти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Нуриддин Саид, вазири маориф, Юсуф Раҳмон, додситони кул, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовар, Рустами Шоҳмурод, вазири адлия ва роҳбарони ниҳодҳои дигари давлатӣ ҷоизаю туҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ 41 ғолиби озмуни ҷумҳуриявиро бо туҳфаҳо сарфароз гардонд.
Манбаъ афзуд, то ҳол аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт амалӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, ахиран зимни ҷаласаи Ҳукумат гуфт, дар соли 2019, то ҷашни Истиқлолият дар кишвар 8 гулгашту 58 майдончаи варзишии замонавӣ бунёд мегарданд.