ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин қувваозмоӣ, ки 29 ноябр дар Тошканд сурат гирифт, ягона голи тими Тоҷикистонро Сайрам Холназарова вориди дарвозаи рақиб кард.
Дар бозии дигар дастаи мизбон – тими Узбакистон ба дарвозаи тими Қирғизистон 10 голи беҷавоб зад.
Ҳамин тариқ, дастаи футболи Узбакистон бо 4 пирӯзӣ дар 4 бозӣ ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 миёни бонувон гардид. Эрон медалҳои нуқраро сазовор гашт. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ниҳоӣ маълум мегардад. Дар даври панҷум мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо дастаи бонувони Афғонистон вомехӯрад, ки 1 декабр дар назар аст.
Қирғизистон бошад, бо Эрон вориди майдон мешаванд.
Феълан Тоҷикистон ва Қирғизистон 3-холӣ доранд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷои сеюм қарор дорад.