БРО барои барқарор намудани шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ 35 миллион доллар медиҳад

Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон барои дубора барқарор намудани шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ 35 миллион доллар кумаки бебозгашт мерасонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Созишнома дар бораи кумаки молиро Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Прадип Сривастава, раиси дафтари намояндагии Бонки Рушди Осиё дар шаҳри Душанбе ба имзо расонданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Усмонзода: то моҳи сентябр ба Узбакистон 1,5 миллиард кВт соат барқ содирот карда шуд

Тибқи шартномаи мазкур, 35 миллион доллар кумаки бебозгашти Бонки Рушди Осиё барои дубора барқарор намудани хатҳои интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон ва пайвастшавии муҷаддади Душанбе ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ равона хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки Узбакистон замони роҳбарии Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини ин кишвар дар соли 2009 хатҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишварашро тахриб карда буд. Ин иқдом Тоҷикистонро аз шабакаи барқи воҳиди Осиёи Марказӣ ҷудо карда буд.