Дар Маскав бо дастгирии Федератсияи муҳоҷирони Русия чемпионати байналмилалии муҳорибаҳои омехта баргузор гардид.
Мусобиқа ба хотири ба ҳам омадани муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои гуногун дар Русия ва баланд бардоштани руҳияи варзишии онҳо ташкил шудааст.
Иштирокчиёни мусобиқа аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик буданд, ки ба лигаи байналмилалии наве бо номи FMR Fighting Championship дохил шудаанд.
Дар назди тамошобинон 24 варзишкор аз Озойрбойҷон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия ва Қирғизистон дар 7 вазни гуногун: 57, 61, 66, 70, 75, 77, ва 90 кг баромад карданд.
Дар ин мусобиқа зодагони Тоҷикистон бо малака ва маҳорати варзишиашон аз дигарон фарқ дошта, бо пирӯзиҳои беназир майдонро тарк карданд.