ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, вакилон имрӯз шартномаи стратегӣ бо Узбакистонро ба тасвиб расонданд.
Манбаъ афзуд, ки Маҷлиси намояндагон инчунин созишномаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистонро дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар қаламрави ҳамдигарро қабул намуданд.
Дар назар аст, ки Тоҷикистон дар маҳаллаи маъруф ба шаҳраки сафоратхонаҳо, ки феълан намояндагиҳои Русия, Эрон, Олмон ва дигар давлатҳо дар он ҷо ҷойгир мебошанд, барои Узбакистон низ замин ҷудо кунад.
Мақомоти Узбакистон дар маҳаллаи Себзори Тошканд барои бунёди сафоратхонаи Тоҷикистон замин медиҳанд.
Қаблан мақомоти Узбакистон таҳти назорати шахсии сарвазир Абдулло Орипов 79 хонаи истиқоматиро дар маҳаллаи Себзори Тошканд тахриб карданд, то барои сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Чин ва Ҳинд замин холӣ кунанд.