ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона +4+9 ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона -0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +2+7 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон, барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +3+8 ва рӯзона ба 10+15 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 3+5 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.