Эмомалӣ Раҳмон ба Шодихон Ҷамшед вазифаи нав дод

Бо қарори Ҳукумат Шодихон Ҷамшед- муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қарор ба раиси пешини вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед вазифаи нав дод. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре дар қарори вижаи Ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, Шодихон Ҷамшед муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардид.

Норозигии раисиҷумҳур аз иҷро нашудани супоришҳо: ба раисони ВМКБ то охири сол муҳлат дод

"Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихон Ҷамшед- муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, моҳи октябри соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон баъди сафар ба ВМКБ Шодихон Ҷамшедро аз мақоми раиси вилоят барканор ва ба ҷойи вай роҳбари барномаи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзовро таъин карда буд.

Дар фармони раисҷумҳур, далели барканории Шодихон Ҷамшед "ба кори дигар гузаштанаш" гуфта мешуд.