Ҷоғи шикастаю 5 соли зиндон: оқибати латукӯби сарбоз барои як пиёла об

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе ефрейтор Умматқул Абдуқаюмовро барои дашноми дағал ва латукӯби сарбоз Дилшод Заҳробеков, ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.Тибқи иттилои додгоҳ, Абдуқаюмов дар он гунаҳкор дониста шуд, ки  3-юми июли соли 2018, тахминан соати 02:00 дақиқа дар дохили хобгоҳи сарбозони ротаи таълимӣ,  сарбози тобеаш Заҳробеков Дилшод Зулфиқоровичро, ки навбатдори рота буда, ғайриқонунӣ аз навбатдорӣ озод намуда, ба назди худ даъват кардааст.

Аз набудани соҳиби хона истифода кард: ошкоршавии дуздии 10 ҳазор сомонӣ дар Ваҳдат

Манбаъ мегӯяд, Абдуқаюмов аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматии худ баромада, ба сарбози қаторӣ ғайриқонунӣ супориш додааст, ки рафта барояш дар ягон зарф об биёрад.

Қаторӣ Заҳробеков Дилшод рафта, дар синфхонаи қисми ҳарбӣ ягон зарфи обгирӣ наёфтааст ва дар ин бора ба ефрейтор Абдуқаюмов хабар додааст.

“Абдуқаюмов ба ғазаб омада, бе сабабҳои узрнок ва бо баҳонаи он, ки сари вақт оби нӯшиданӣ наовардааст, Заҳробековро унвонии апааш дашномҳои қабеҳ дода, сипас бо ҳарду дастонаш ба рӯйи Заҳробеков 2 маротиба зарбаи сахт зада, ба охирин ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Ин ниҳод афзуд, ки ташхиси тиббӣ дар бадани Заҳробеков Дилшод,  ҷароҳати ҷисмонӣ дар намуди шикасти манаҳи ҷоғи поён аз рост, беҷошавии устухонпораҳо бо хунҷамъшавӣ дар ҳамин қисмат ошкор кардааст, ки мансуб ба зарари миёна ба саломатӣ дониста мешавад.

Додгоҳи низомӣ Абдуқаюмов Умматқулро бар асоси моддаи 391 –и Кодекси ҷиноӣ,  гунаҳкор дониста, дар баробари 5 соли зиндон, ӯро аз ҳаққи ишғоли мансабҳо дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ба муҳлати 1 сол маҳрум кардааст.