"СААД" таҷаммӯи ҷангиёнро дар назди марз бо Тоҷикистон ташвишовар хонд

Валерий Семериков, иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, “СААД” таҷаммӯи ҷангиёнро дар навоҳии наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон ва Туркманистон мояи нигаронӣ хонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти СААД, Семериков зимни мулоқоти солонаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ин созмон дар Маскав, вазъи Афғонистонро ташвишовар хонд.

Қаҳҳоров ба мақомдорони СПАД ваъдаҳояшон ба Тоҷикистонро хотиррасон кард

Ӯ изҳор доштааст, ки Афғонистон имрӯз ба як пойгоҳи интиқоли ҷангиёни саркӯбнашудаи “ДОИШ” ба кишварҳои ИДМ шудааст.

Семериков таъкид намудааст, ки бо назардошти ин СААД ҷонибдори таъсиси як ҷабҳаи васеи байналмилалӣ алайҳи терроризм ва ҳамкории бештар дар ин бахш бо СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар созмонҳо мебошад.

Дар баробари ин иштирокдорони мулоқот мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар интернет, пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризмро баррасӣ кардаанд.