Зани соҳибкор дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мекунад

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон беш аз 180 иншооти гуногун бунёд мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.   Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд имрӯз дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон барои бунёди майдони Парчами давлатии Тоҷикистон санги асос гузошт.

Соҳибкор Абдуҳалим Қодирзода дар Душанбе мактаб месозад

Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, тибқи лоиҳа баландии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил медиҳад.

Дар майдон ҳамзамон бунёди гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сохтмончиёнро вазифадор намуд, ки иншоот то Наврӯзи соли 2019 омода шавад.

Сипас, Раиси вилоят дар маросими оғози корҳои сохтмонии осоишгоҳи замонавӣ дар соҳили Баҳри тоҷик иштирок намуда, ба бунёди иншоот санги асос гузошт.

Абдураҳмон Қодирӣ ба занони соҳибкор 305 000 сомонӣ грант дод

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки осоишгоҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкор Турсуной Зокирова сохта шуда, масоҳати умумии он 2,6 гектарро ташкил медиҳад.

Инчунин Раиси вилоят дар шаҳри Гулистон бо рафти корҳои таъмиру навсозии муассисаи томактабии “Дилноз” ошно шуд.

Муассисаи томактабии “Дилноз” соли 1986 сохта шуда, аз соли 2002 аз фаъолият боз монда буд. Дар асоси супоришҳои роҳбарияти вилоят ин муассиса таъмиру навсозӣ гардида, дар 14 гурӯҳ 400 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.