Дарҳои кушода: Раҳмон ба сафирони Кореяи Шимолӣ, Аврупо ва 10 давлати дигар чӣ гуфт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 20 ноябр дар Қасри миллат аз 12 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони навтаъини Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсен, Ҷумҳурии Финляндия хонум Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс, Ҷумҳурии Латвия Михаил Попковс, Ҷумҳурии Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ - Демократии Корея Ким Хен Чжун, Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба дипломатҳои Озарбойҷон намоиш доданд

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар пайи табрики сафирони навтаъин изҳори боварӣ намудааст, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки ҷавҳари фаъолияти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи “дарҳои кушода” ташкил медиҳад.

“Дар такя ба он мо бо ҳамаи кишварҳои хориҷии дуру наздик муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда,  ҷиҳати пешбурди самарабахши онҳо кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

ВУХ: дипломатҳои тоҷик барои рушди ҳамкорӣ чора меандешанд

Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро барои мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатии сафирони навтаъин махсус таъкид кардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ҳамкории ҷумҳуриҳои ҳавзаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷаҳони араб, кишварҳои аврупоии минтақаи назди Балтика, бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он ва бо кишварҳои фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншуда барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманд тамоми нерӯяшонро равона месозанд.