Боздошти даллае, ки хоҳарашро ба мардҳо мефурӯхтааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 36-солаи шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод, ки дар ташкили фоҳишахона ва даллагию занҷаллобӣ муттаҳам мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздоштшуда зани 36-сола мебошад, ки даллагӣ карда, аз мардҳо барои ҳамхоба шудан бо хоҳари 30-солааш маблағ мегирифтааст.

Афзоиши диндорӣ ва коҳиши тарғиби дунявият: генерал Умаров 5 сабаби ифротгароиро ном бурд

“Номбурда, рӯзи 18-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 19:00, дар назди бинои истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ,  ду марди 29 ва 24-сола, сокинони шаҳраки Меҳрободро бо хоҳараш, зани 30-сола шинос карда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ таъкид кард, ки феълан аз рӯи ҳодиса бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ, барои ташкил ё  нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ  бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима,  ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.