Чор бозии мунтахаби Тоҷикистон дар хориҷ бо роҳбарии сармураббии нав аз Узбакистон

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 моҳи декабри соли равон тими миллии футбол дар хориҷ ба ҷамъомади машқӣ-таълимии дуҳафтаина фаро гирифта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон  4 бозии рафиқона анҷом медиҳад.

Мутахассиси узбак сармураббии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон таъин шуд

Аз ҷумла 9 декабр дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими мунтахаби Яман ба майдон мебарояд.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Маскат сафар карда, дар он ҷо 13 ва 16 декабр бо тими мунтахаби Уммон ду бозӣ анҷом медиҳад. Сафари мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Манама, бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад. Ин дидор 20 декабр сурат мегирад. 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозиҳои рафиқонаи дарпешистода сармураббии нави тими олимпии кишвар (U-23) Усмон Тошеви узбакистонӣ роҳбарӣ мекунад.