ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии "Тоҷикистон" гуфт, ки нахустин киловатҳои дар нерӯгоҳи "Роғун" истеҳсолшуда ба куҷо интиқол дода мешаванд.
"Нахустин киловатҳои дар нерӯгоҳ истеҳсолшуда ба куҷо интиқол мешаванд ва киҳо аз аввалин муштариён "Роғун" хоҳанд буд?", - пурсид рӯзноманигори "Тоҷикистон" аз нахуствазир.
Қозҳир Расулзода гуфт, ки аз нерӯи барқи истеҳсолшуда дар рӯзи ба истифода додани нерӯгоҳ, тамоми аҳолии Тоҷикистон бархурдор хоҳанд шуд. Ба гуфтаи нахуствазир, барои интиқоли барқ хатҳои баландшиддат омодаи коранд.
"Мо барои чархаи аввалро ба истифода додан, бояд аввал хатҳои баланшиддати 500-киловатаро сохта ба истифода медодем ва ин корро кардем. Хатҳои баландшиддати интиқоли барқ аз Душанбе то Роғун омодаи кор аст ва аз тарафи Ҷаноби Олӣ ба истифода дода мешавад",- гуфт ӯ.
Нури Роғун аввал ба Душанбе мерасад ва аз Душанбе ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон расонида мешавад. Яъне дар рӯзи ба истифода додани "Роғун" нерӯи барқ ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик дастрас мегардад, афзуд Расулзода.
Ёдрас мешавем, имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи президент таҷлил мешавад. Дар ин рӯз кишвар аввалин агрегати нерӯгоҳи "Роғун"-ро ба истифода медиҳад.