Боздошти собиқ корманди корхонаи кимиёвии Ёвон бо 3,5 кило симоб

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду мард бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудагон сокини 54-солаи ноҳияи Ёвон ва истиқоматкунандаи 50-солаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Шарманда мекунам: боздошти "милиса"-е, ки бо таҳдиди беобрӯ кардан "пул кор мекард"

“Дар вақти азназаргузаронии автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки ба марди 50-солаи дар боло номбурда тааллуқ дорад, аз дохили халтаи селофанӣ 3 килою 485 грамм металли “Симоб” дарёфту гирифта шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, муайян  шуд, ки маводи мазкурро марди 54-сола ҳангоми кор дар заводи кимиёвии ноҳияи Ёвон дастрас намудааст.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.