Баҳси “Роғун” дар ҳузури президент: Расулзода гуфт, чархаи 1 бояд 2019 фаъол мешуд(ВИДЕО)

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҷузъиёти суҳбат бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон атрофи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” - ро ироа кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Нахуствазири Тоҷикистон гуфт, якҷоя бо мушовирони байналмилалӣ ва мутахассисони ватанӣ ҷадвали кориро тартиб доданд, ки тибқи он бояд чархаи аввали “Роғун” охири соли 2019 ба истифода дода мешуд.

Расулзода дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” гуфт, ҷадвали мазкурро ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд. Раисиҷумҳур аз мутахассисон хостааст, ҷадвалро пешаш ниҳанд то омӯзад ва баъди чанд лаҳза онҳоро даъват карда, вазифа гузоштааст, ки чархаро моҳи ноябри соли 2018 фаъол кунанд.

 

“Ба ҷадвал тағйирот ворид карданд, мо дар ҳайрат монда будем, ки чӣ тавр ин корро анҷом медиҳем. Аммо дастгирии пайвастаю ҳаматарафа ва сафарҳои пайдарпайи роҳбари давлат ва мулоқот бо мутахассисон боис шуд, ки чархаи аввал дар вақти муқарраргардида фаъол шавад”, - таъкид намуд нахуствазири Тоҷикистон.

Расулзода бо зикри ин нукта таъкид намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар масоили энергетикӣ, ҳам ташкилӣ, молиявӣ ва геологӣ мутахассис мебошад.

Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард (ВИДЕО)

Нахуствазири Тоҷикистон таъкид намуд, ки бидуни истодагарӣ ва серталабии раисиҷумҳур фаъолсозии чархаи аввали “Роғун” дар моҳи ноябри соли 2018 ғайриимкон мебуд.

“Дастгоҳи тақсимкунандаро, ки барои 6 агрегат хизмат мекунад, хатти интиқоли 500 киловолтӣ, ки барои 6 агрегат хизмат мекунад, мо имрӯз ба истифода додем. Истодагарӣ ва серталабии Ҷаноби Олӣ буд, ки мо ба ин рӯзҳо расидем”, - изҳор дошт Қоҳир Расулзода.

Ӯ афзуд, озмуну заҳматҳо ҳанӯз дар пешанд ва изҳори боварӣ намуд, ки тибқи ҷадвал фаъолсозии агрегатҳои “Роғун”-ро таъмин карда, то соли 2029 иншоот пурра супорида мешавад.

Ба гуфтаи Расулзода “Роғун” барои минтақа аҳамияти беназир дорад ва умри нерӯгоҳи “Норак”-ро то 150-200 сол дароз мекунад.