Рамазон Қодиров ба писараки 5-сола Mercedes тӯҳфа кард

Рамазон Қодиров ба варзишкори 5-солаи Чеченистон барои 4 ҳазор маротиба шино дар рӯи замин ё отжимание як мошини гаронарзиш ҳадя кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба писарбачаи 5-солае, ки дар давоми 2 соату 26 дақиқа зиёда аз 4 ҳазор маротиба тамрин кард (отжимание ё шино дар рӯи замин - идора)  Мерседеси сафед тӯҳфа кардааст.

“Ин мошинро ба ту президенти Бунёди хайрияи ба номи Аҳмад-Ҳоҷӣ Қодиров Аймани Қодирова тақдим кардааст. Бигзор падарат туро дар ин мошин  гардонад. Ту ба мерседессаворӣ меарзӣ”, - гуфтааст Қодиров ба Раҳим Қуриев, писараки 5-сола.

 Раҳим Қодировро бовар кунонидааст, ки вай метавонад зиёда аз 5 ҳазор маротиба отжимание кунад. Варзишкори хурдакак ҳунари худо бори дигар ба роҳбари кишвараш нишон додааст.

Чанде пеш Вазири тарбияи ҷисмонии Чеченистон Мусо Ханариков ба РИА Новости гуфта буд, ки Раҳим Куриеви 5-сола дар давоми 2 соату 26 дақиқа 4105 отжимание кард. Аммо намояндагони китоби рекодҳои Русия маҳорати писаракро то ҳол ба ин китоб  ворид накардаанд.