Путин фармондеҳи нави пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро таъин кард

Полковник Сергей Горячев ба вазифаи фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон таъйин карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik.  Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, полковник Сергей Горячевро  фармондеҳи  пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон таъйин намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии Русия.

“Бо фармони раисҷумҳури Русия полковник Горячев ба вазифаи фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, таъйин гардид”, - омадааст дар иттилоия.

"Боздошти ҷангиёни ДОИШ дар Душанбе, ки пойгоҳи низомии 201-умро таркониданӣ буданд"

Горячев хатмкунандаи Донишгоҳи низомии шаҳри Рязан ва Академияи вазорати мудофиаи Русия мебошад.

Вай пештар дар Қафқози шимолӣ ҷанг карда, гурӯҳи махсуси “Рус”-и нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилаи Русияро идора мекардааст.

Ёдрас мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-ум, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз кишвар ба ҳисоб меравад.

Пойгоҳи низомии мазкур дар ду шаҳр – Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст. Тибқи шартномаи баимзорасидаи соли 2012, пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ хоҳад монд.