Нигаронии Тоҷикистону Фаронса аз амнияти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон

Шукурҷон Зуҳуров ва Патрис Вершер доир ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, хусусан тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Фаронса мубодилаи афкор намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Имрӯз, дар пойтахти Фаронса шаҳри Париж вохӯрии раиси Парлумони  Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Гуруҳи байнипарламентии дӯстии Фаронса ва Осиёи Марказӣ дар Ассамблеяи миллии Фаронса Патрис Вершер баргузор гардид.

Тарафҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Фаронса

Дар рафти мулоқот таваҷҷуҳи ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд.

“Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи байни Тоҷикистон ва Фаронса барои ғанигардонии ҳамкориҳо бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамчунин тарафҳо дар атрофи амнияти минтақа, махсусан дар мавзӯи Афғонистон гуфтугӯи судман анҷом доданд.