Эрдуғуон ҳузури бераводиди тоҷикистониёнро дар Туркия 3 баробар дароз кард

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, муҳлати ҳузури бераводиди тоҷикистониёнро дар қаламрави кишвараш 3 баробар тамдид карда, 90 рӯз муқаррар намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон фармон дар бораи то 90 рӯз муқаррар кардани ҳузури бераводиди тоҷикистониёнро дар Туркия 11 ноябр имзо кард, итилоъ дод Resmi Gazete. То ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доштанд, ки танҳо 30 рӯз дар қаламрави Туркия бе раводид ҳузур дошта бошанд.

Бар асоси фармони Эрдуғон, дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони Узбакистон ва Қазоқистон низ метавонанд бидуни раводид тӯли 90 рӯз тайи ҳар шашмоҳа дар Туркия будубош кунанд. 

Дар назар аст, ки меъёрҳои нав давоми як ҳафта қувваи қонунӣ пайдо кунанд.