Таъкиди Президент ба ҷинояткорӣ дар 3 минтақаи ВМКБ ва пули террористону гуруҳҳои ҷиноятӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳи оташфишонро, сарчашмаи маблағгузории терроризм ва ҷинояткории муташаккил хонда, гуфт, мубориза бо ин намудҳои ҷинояткорӣ дар ВМКБ ба талабот ҷавобгӯй нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мубориза бо ин намуди ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Боздоштҳои беасос, порагирӣ ва пинҳонкунии ҷиноятҳо: Раҳмон камбудии бархе милисаҳоро гуфт

Раисиҷумҳур 10 ноябр дар мулоқот бо кормандони милиса, бо зикри ин нукта, таъкид намуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки муборизаро ба муқобили чунин қонунвайронкунӣ минбаъд боз ҳам ҷоннок намоянд.

Ӯ афзуд, аз ҷониби Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ дар муддати як моҳ аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва шахсони алоҳида зиёда аз 200 мил силоҳи оташфишон мусодира шудааст.

“Ҳамчунин, дар роҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз қабили дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо шишаҳои сиёҳу хиракардашуда, бе аломати қайди давлатӣ, бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва қалбакӣ зиёд мушоҳида мешуданд”, - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Занги Президент, кафолат ва шеърхонии Ятимов: оташ назанад ҳеч касе хонаи худро

Ӯ дар хитоб ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид намуд, ки барои ба таври қатъӣ ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо, амалҳои майдаавбошӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ чораҷӯӣ карда, волоияти қонун ва амнияту осудагии сокинони вилоятро пурра таъмин намоянд.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон гардиши ғайриқонунии силоҳ ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ӯ афзуд, дар як солу нӯҳ моҳи охир дар кишвар аз гардиши ғайриқонунӣ 2182 мил силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардидааст.

“Чунин вазъ нишон медиҳад, ки то ҳанӯз дар дасти баъзе шаҳрвандон ва шахсони ҷиноятпеша силоҳу муҳиммоти ҷангӣ боқӣ мондааст, ки дар ошкор ва дастгир намудани чунин шахсон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсия бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки мубориза бо ҷинояткорӣ аз бисёр ҷиҳат аз сатҳи омодагии касбӣ ва сифатҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам шахсони тасодуфӣ ба сафи мақомот роҳ меёбанд.