Се ҳазор низомии пойгоҳи 201 бо хона таъмин шуданд

Шуъбаи корхонаи давлатии "Центррегионжилье"-и Русия дар Душанбе гузориш додааст, ки тайи 5 соли охир 3 ҳазор оилаи низомиёни пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон бо манзили зист таъмин шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шуъбаи корхонаи давлатии "Центррегионжилье"-и Русия дар Душанбе натиҷаи кори панҷсолаашро ҷамъбаст кард, хабар дод Ҳавзаи марказии низомии Русия, ки пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон низ тобеи он мебошад.

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ба хонаи куҳансолон кӯмаки башардӯстона расонданд

“Шуъба, вазифаҳои иҷтимоии худро дар назди хизматчиёни низомӣ ва оилаҳои онҳо дар масъалаи таъмин бо манзили зист иҷро карда, зиёда аз 3 ҳазор низомӣ бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд”, - изҳор доштааст роҳбари  шуъбаи минтақаваии "Центррегионжилье", Татяна Қодирова.

Ба гуфтаи ӯ зиёда аз 2 ҳазор оилаи низомиёни пойгоҳи 201 -уми Русия дар Тоҷикистон бо хонаҳои хизматӣ, қариб 150 оила бо хонаҳои доимӣ ва 500 хизматчии низомӣ бо шаҳодатнома барои гирифтани хона тариқи низоми махсуси захиравӣ-ипотекӣ таъмин шудаанд.  

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар 2 шаҳри Тоҷикистон - Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, бар асоси шартномае, ки соли 2012 миёни Тоҷикистону Русия имзо шуд, муҳлати ҳузури пойгоҳ то соли 2042 тамдид гардид.