Муҳаммад Шарифзода, ҳунарпешаи сирки тоҷик дар фестивали байналмилалӣ пирӯз шуд

Дар 16-умин фестивали байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон, байни хунармандони сирк ва мактабҳо ва иҷрокунандагони “Ояндаи сирк”, аз 2 то 4 ноябри соли равон дар сирки давлати Люксембург баргузор шуд, ҳунарпешаи сирки Тоҷикистон барандаи ҷои якум гаштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik.  Бино ба иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар фестивали байналмилалӣ, ки дар сирки давлати Люксембург баргузор шуд, Муҳаммад Шарифзода, дорбоз (эквилибрист) аз Тоҷикистон сазовори ҷои якум ва ҷоизаи мукофоти махсус гаштааст.

Омодагии донишҷӯи тоҷик барои бунёди сирк дар Қурғонтеппа

Сиркбозони Москва ба ҳунарнамоии Муҳаммад Шарифзода баҳои баланд дода, ба ӯ тӯҳфаи махсуси худро супориданд. 

Дар фестивали мазкур зиёда аз 80 ҳунарманд аз 14 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Украина, Тоҷикистон, Британияи Кабир, Белорус, Туркманистон, Қазоқистон, Швейтсария ва ИМА иштирок намуданд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки дар Фестивали мазкур директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ашӯр Раҷабов ба ҳайси аъзои ҳакамон иштирок намудааст.