Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегузорад

Иттиҳодияи Аврупо барои бозёбии партовҳои уран дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз 10 миллион евро ҷудо хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз миллиард тонна партовҳои уран боқӣ мондааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Иттиҳодияи Аврупо.

Омори мазкур дар конфронси байналмилалӣ доир ба бозёбии партовҳои уран дар  Лондон  эълон карда шуд.

Таъкид шудааст, ки партовҳои уран барои аҳолӣ ва муҳити зист хатари ҷиддӣ дорад.

Тоҷикистон барномае барои аз сар гирифтани истихроҷи уран надорад

Барои бозёбии партовҳои уран дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон Иттиҳодияи Аврупо омодааст маблағи иловагӣ дар ҳаҷми 10 миллион евро ҷудо намояд.

Дар доираи барномаи роҳандозишуда  дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳафт минтақае интихоб шудааст, ки ниёз ба бозёбии фаврӣ дорад, то олудашавии водии Фарғонаро пешгирӣ кунад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Иттиҳодияи Аврупо барои бозёбии партовҳои уран дар Кишварҳои Осиёи Марказӣ 16 миллион евро ҷудо карда буд.