ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона аз +3 то +5 ва рӯзона аз +15 то +17 дараҷа мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва дар баландии 2000 метр боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона +7 ва рӯзона ба аз 13 то +18 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар қисми дуюми рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона +7+12 ва дар шарқи ин вилоят шабона -7-12 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард мешавад.