ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанг 7-уми ноябр натиҷаи озмунҳои “Муаллими беҳтарини сол”, “Донишҷӯи беҳтарини сол”, “Хонандаи беҳтарини сол”-ро эълон кард.
Озмун аз оғози соли хониш дар муассисаҳои таълимии кишвар бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам эълон гардида буд.
Ҳайати ҳакамон аз рӯи шартҳои муқарраргардида омӯзгорон ва муҳасилини зиринро беҳтарин интихоб карданд:
1. Ғуломов Ашурмамат - омӯзгор, дотсенти кафедраи режисураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;
2. Сотникова Маргарита Исламбековна – мудири кафедраи тарҳрезии бадеи либос, омӯзгори фанҳои тахассусии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
3. Агапова Лариса Петровна – омӯзгор, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;
4. Бозоров Умедҷон Муродович - омӯзгори фанни санъати тасвирии Коллеҷи санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Олимов;
5. Белинская Наталя Юревна – омӯзгори шуъбаи фортепианои Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;
6. Ҳасанова Наргис Шавкатовна - омӯзгор, хореографи шуъбаи рақси классикии Коллеҷи ҷумҳурияии хореографии ба номи М. Собирова;
7. Умар Темуров - омӯзгори сози ғижжаки Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов;
8. Акобиров Ғолибшо Ибронович – омӯзгори синфи рубоби Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ;
9. Комилова Фируза Сайдуллоев - мудири шуъбаи фортепианои тахассусии Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев;
10. Доробшоева Дилрабо Бандишоевна - донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Рӯзноманигори телевизион»-и факултети театр, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;
11. Мирзоева Меҳриниссо Қувваталиевна – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси «Дизайни костюм ва газвор»-и факултети дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
12. Анваров Ҳикматулло Сафархӯҷаевич - донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;
13. Қаландарзода Ҷумахони Раҳматулло – донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи «Созҳои оркестри халқӣ»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;
14. Машрапов Муҳаммадзоҳид- донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи таълими мусиқии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов;
15. Бандишоева Самима Додалишоевна – донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи рақси халқии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова;
16. Кишварзода Томирис Абдурашид - донишҷӯи курси 3-уми шуъбаи «Типографика»-и Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов;
17. Ардашерзода Комрон Ардашер - хонандаи синфи 11-уми шуъбаи назарияи мусиқии Мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ;
18. Ҳабибов Шаҳриёр Тоҳирҷонович – хонандаи синфи 9-уми шуъбаи созҳои оркестрӣ, синфи скрипкаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев.
Омӯзгорону донишҷӯёну хонандагони макотиби кишвар, ки ғолиб омадаанд, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.