Қаҳҳоров ба мақомдорони СПАД ваъдаҳояшон ба Тоҷикистонро хотиррасон кард

Генерал - полковник Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони умури хориҷӣ, мудофиа ва котибони амнияти кишварҳои СПАД масъалаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро ба миён гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Қаҳҳоров дар пайи ҷаласаи вазирону котибони амнияти кишварҳои узви СПАД, ки дар Остона баргузор гардид, аз умеди Тоҷикистон ба кӯмакҳои СПАД дар ҳифзи сарҳад бо Афғонистон суҳбат кард.

ВИДЕО-и суханронии Жириновский дар Думаи давлатӣ баъди бозгашт аз Тоҷикистон ва Узбакистон

Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ваъдаҳои 5 соли пеши кишварҳои узви СПАД барои кӯмак ба мақомоти марзбонии кишварро зикр кардааст.

“Соли 2013 дар шаҳри Сочӣ ҳангоми ҷаласаи Шӯрои СПАД қарор дар мавриди кӯмак барои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон қабул шуд. Мо хоҳиш дорем, ки амалисозии ин қарор тезонда шавад”, - изҳор дошт Қаҳҳоров.

Таъкиди Қаҳҳоров ба таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳолест, ки қаблан Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Русия аз ҳузури ҳудуди 7 ҳазор ҷангҷӯ дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хабар дод.